ТРЕНИНГИ НАВБАТӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Рӯзҳои 16-17 марти соли 2023 тренинги навбатии «Арзёбии бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ» дар шаҳри Бохтар барои кормандони раёсату шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва филилалҳои МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир гардид.
Мутахассисони лоиҳа ин навбат доир ба мафҳуму моҳияти лоиҳа, фарқияти моделҳои маъмули байналмилалии бозори меҳнат, арзёбии вазъи кунунии бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, методологияи таълим дар асоси салоҳият ва бартарияти он дар омодасозии қувваҳои коргарӣ, Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳо ба иштирокчиён рӯнамоиҳо пешниҳод карда, фикру мулоҳизаҳои онҳоро муҳокима карданд.
Тавре қаблан қайд кардем чунин тренингҳо аллакай дар шаҳри Хуҷанди Кӯлоб гузаронида шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд