ТРЕНИНГИ ХОТИМАВИИ АРЗЁБИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Рӯзҳои 30-31 марти соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” тренинги хотимавии “Арзёбии бозори меҳнат” барои кормандони раёсатҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим баргузор гардид.
Ба иштирокчиёни тренинг рӯнамоиҳо доир ба самтҳои фаъолияти лоиҳа, арзёбии бозори меҳнат, механизми фаъолияти бозорҳои меҳнатӣ ҷаҳонӣ, Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо – 08, принсипҳои методологияи таълим дар асоси ТАС ва омодасозии коргарон дар асоси он манзур намуданд.
Зимни тренинг иштирокчиён дар кори гурӯҳӣ SWOT-таҳлили бозори меҳнати маҳалашонро гузаронданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қаблан чунин тренингҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар гузаронида шуда, тавассути омӯзишҳо дар умум зиёда аз 120 нафар фаро гирифта шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд