Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

СЕМИНАР ВОБАСТА БА МАЛАКАҲОИ НАРМ БАРГУЗОР ГАРДИД

                                        СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ МАЛАКАҲОИ НАРМ БАРГУЗОР ГАРДИД
   18 майи соли 2023 дар дафтари кории Ширкати машваратии Барс семинар дар мавзӯи “Малакаҳои нарм: консепсия, мазмун ва таҷрибаи пешқадам” барои фасилитаторон-таҳиягарони стандартҳои салоҳият ва барномаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинар мушовири байналмилалӣ оид ба рушди малакаҳо – Ҷоашим Вагнер дар бораи малакаҳои асосӣ рӯнамоӣ карда, аз он ҷумла қайд намуданд, ки малакаҳои асосии ин
· Таҳлилӣ;
· Эҷодӣ;
· Робитавӣ;
· Малакаҳои ташкилотчигӣ барои дарёфти кор хеле муҳим мебошанд.
   Мушовир оид ба малакаҳои нарм - Владимир Кошеев мазмун, консепсияи малакаҳои нарм (soft skills) ва таҷрибаи ҷаҳониро дар ин бобат ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Кошеев аз он ҷумла аҳамият ва зарурияти малакаҳои мазкурро дар фаъолияти касбӣ низ кушода доданд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз малакаҳои нарм инҳо мебошанд:
· Коммуникатсия,
· Ҳамкорӣ намудан;
· Зеҳни эҳсосотӣ;
· Сарфакорӣ дар истеҳсолот,
· Фикрронии экологӣ ва ғайра дохил мешавад.
   Вобаста ба мавзӯи пешниҳодшуда, фасилитаторон дар кори гурӯҳӣ воридсозии малакаҳои нармро муҳокима намуда, хулосаҳояшонро ба дигарон пешниҳод карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид