Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ДАР ДОИРАИ ЛОИҲА МУТОБИҚГАРДОНИИ ТАСНИФОТИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСОСИ СТАНДАРТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАСНИФОТИ МАШҒУЛИЯТҲО-2008 (ISCO-08) ИҶРО КАРДА МЕШАВАД.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» барои ташаккул додани Низоми миллии тахассусҳо муқаррар намудааст, ки он барои воридшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи байналмилалии тахассусҳо ва дар ин замина дар асоси Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (ISCO-08) таҳия ва тасдиқ гардидани Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТМҶТ), инчунин бозбаррасӣ ва татбиқ/мутобиқгардонии ТМҶТ заминаи ҳуқуқӣ мегузорад.
Дар ин заминаи ҳуқуқӣ ва дар доираи уҳдадориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи СММ дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» масъалаҳои вобаста ба бозбаррасӣ, татбиқ/мутобиқгардонии ТМҶТ пешбинӣ гардидааст. Он дар баробари азнавкунии Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТМҶТ) ва Феҳристи касбҳои тасдиқгардида, масъалаҳои дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба амал меомадаро баррасӣ мекунад. Инчунин татбиқ ва мутобиқгардонии онҳо, ташкили додаҳои рақамӣ ва ба низоми амалкунандаи пояи рақамии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани заминаи рақамии ТМҶТ-ро дар назар дорад.
Шарти зарурии воридшавӣ ба бозори меҳнат дар давраи иқтисодиёти саноатикунонӣ (саноатикунонии босуръат) ин гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бо гирифтани он бо кор таъмин шудану дар муҳлатҳои муқарраргардида такмили ихтисос намудан ва ба вазифаҳои болотари зинаҳои касбӣ ноил гардидан мебошад. Маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд имконияти амалӣ шудани ин иқдом асос пайдо кард.
Ҳамин тариқ дар асоси СБТМ-08 (ISCO-08) татбиқу мутобиқгардонии Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули Феҳристи касбҳо барои соҳибкасб шудани шаҳрвандон ва эътирофи тахассусашон дар бозори меҳнати дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид