ОЗМУН
Сана: |
2 июни соли 2023 |
Рақам ва номи Грант: |
Г0714-TAJ (SF) – Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” (SEEP) |
Рақам ва номи озмун: |
G01: Хариди мол барои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар (мебел, таҷҳизот ва асбобу маводҳои таълимӣ): Лоти 1. Мебел (G01/1) Лоти 2. Таҷҳизот (G01/2) Лоти 3. Асбобу маводҳои таълимӣ (G01/3) |
Муҳлати охирини пешниҳоди дархостҳои озмунӣ: |
4 июли соли 2023, соати 15:00 (бо вақти Душанбе) |
- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои пӯшонидани хароҷотҳои Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" (SEEP) маблағгузорӣ дарёфт кардааст. Як қисми ин маблағ барои пардохтҳо тибқи озмуни дар боло зикршуда истифода мешавад. Озмун барои довталабон аз кишварҳои аъзоёни БОР боз мебошад.
- Иштирокчиёни озмун метавонанд барои як ё якчанд лот, ки муфассалтар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муайян шудаанд, дархости озмуниро пешниҳод намоянд. Иштирокчиёне, ки дар ҳолати ба даст овардани зиёда аз як қарордод хоҳиши пешниҳод намудани тахфиф доранд, метавонанд ин корро кунанд, ба шарте ки ин тахфифҳо дар Мактуби дархости озмунӣ дохил шудаанд.
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – "Харидор") аз иштирокчиёни озмун аз кишварҳо-аъзоёни БОР даъват менамояд, ки барои таҳвили молҳо барои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар (мебел, таҷҳизот ва асбобу маводҳои таълимӣ) ("Молҳо") дархостҳои озмунии бо муҳр маҳкамшударо пешниҳод намоянд. Муҳлати таҳвили молҳо 90 рўзи таквимиро ташкил медиҳад.
- Озмуни кушода (эълон дар сатҳи миллӣ) мувофиқи тартиби БОР: "Як марҳила - як лифофа" гузаронида мешавад ва барои ҳамаи иштирокчиёни озмун аз кишварҳо-аъзоёни БОР, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ тавсиф шудааст, кушода мебошад.
- Дар ин озмун танҳо ширкатҳои дорои тахассусҳои асосии зерин, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муайян шудаанд, иштирок карда метавонанд:
№ лот |
Нишондодҳои молиявӣ дар солҳои сипаришуда |
Қарордодҳои қаблан ичрошудае, ки ҳаҷм ва хусусияти ҳаммонанд доранд |
Ҳаҷми фаъолият (гардиши миёнаи солонаи молиявӣ) |
Лоти 1 |
Пешниҳоди ҳисоботи молиявии аз аудит гузаронидашуда ё агар қонунгузории кишвари иштирокчии озмун талаб накунад, дигар ҳисоботи молиявие, ки барои Харидор қобили қабул аст, барои 3 (се) соли охир (2020, 2021, 2022) то устувории ҷории вазъи молиявии иштирокчии озмунро нишон диҳад. Ҳадди ақал, арзиши софи иштирокчии озмун барои соли охир, ки ҳамчун фарқияти байни дороиҳои умумӣ ва ӯҳдадориҳои умумӣ ҳисоб карда мешавад, бояд мусбат бошад. |
Иҷрои бомуваффақият ба сифати таҳвилгари асосӣ дар давоми 3 (се) соли охир на камтар аз 2 (ду) қарордод, ки арзиши ҳар кадом ба маблағи 80 000,00 (ҳаштод ҳазор) доллари ИМА буда, хусусият ва мураккабии онҳо ба ҳаҷми озмуни мазкур, ки дар фасли 6 (Ҷадвали таҳвил) дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавсиф шудааст, монанд мебошанд. |
Мавчуд будани гардиши миёнаи солона дар ҳаҷми 200 000,00 (дусад ҳазор) доллари ИМА ҳамчун маблағи умумии пардохтҳои аз ҷониби иштирокчии озмун гирифташуда барои қарордодҳои дар давоми 3 (се) соли охир анҷомёфта ё амалкунанда. |
Лоти 2 |
Иҷрои бомуваффақият ба сифати таҳвилгари асосӣ дар давоми 3 (се) соли охир на камтар аз 2 (ду) қарордод, ки арзиши ҳар кадом ба маблағи 88 000,00 (ҳаштоду ҳашт ҳазор) доллари ИМА буда, хусусият ва мураккабии онҳо ба ҳаҷми озмуни мазкур, ки дар фасли 6 (Ҷадвали таҳвил) дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавсиф шудааст, монанд мебошанд. |
Мавчуд будани гардиши миёнаи солона дар ҳаҷми 220 000,00 (дусаду бист ҳазор) доллари ИМА ҳамчун маблағи умумии пардохтҳои аз ҷониби иштирокчии озмун гирифташуда барои қарордодҳои дар давоми 3 (се) соли охир анҷомёфта ё амалкунанда. |
|
Лоти 3 |
Иҷрои бомуваффақият ба сифати таҳвилгари асосӣ дар давоми 3 (се) соли охир на камтар аз 2 (ду) қарордод, ки арзиши ҳар кадом ба маблағи 150 000,00 (яксаду панҷоҳ ҳазор) доллари ИМА буда, хусусият ва мураккабии онҳо ба ҳаҷми озмуни мазкур, ки дар фасли 6 (Ҷадвали таҳвил) дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ тавсиф шудааст, монанд мебошанд.. |
Мавчуд будани гардиши миёнаи солона дар ҳаҷми 380 000,00 (сесаду ҳаштод ҳазор) доллари ИМА ҳамчун маблағи умумии пардохтҳои аз ҷониби иштирокчии озмун гирифташуда барои қарордодҳои дар давоми 3 (се) соли охир анҷомёфта ё амалкунанда. |
Талаботҳои тахассусӣ дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муфассалтар шарҳ дода шудаанд.
- Барои маълумоти иловагӣ ва шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои озмунӣ иштирокчиён бояд ба зерин мақом (дар давоми рӯзҳои корӣ аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00, ба истиснои рӯзҳои истироҳат ва ид) муроҷиат кунанд:
Гурўҳи идоракунии Лоиха (ГИЛ)
Ба: Шуъбаи харид
Суроѓа: к. Борбад 48/1
Ошёна/№ ҳуҷра: 2-юм, №4
Шаҳр: Душанбе, Тоҷикистон
Индекс: 734061
Телефон: +992 44 620 08 07; +992 44 620 08 02
Суроѓаи электронӣ: seep.taj@gmail.com
Барои харидани ҳуҷҷатҳои озмунӣ бо забони англисӣ, иштирокчиёни озмун бояд
- ба суроғаи дар боло зикргардида ба таври хаттӣ муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои озмуниро барои озмуни №G01: Хариди мол барои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар (мебел, таҷҳизот ва асбобу маводҳои таълимӣ): Лоти 1. Мебел (G01/1); Лоти 2. Таҷҳизот (G01/2) ва Лоти 3. Асбобу маводҳои таълимӣ (G01/3) дархост намоянд.
- бо асъори сомонӣ ба маблағи баробар ба сад (100,00) доллари ИМА алоҳида барои ҳар як лот пардохти бебозгаштро анҷом диҳад. Усули пардохт ин интиқоли бонкӣ ба суратҳисоби бонкии зерин мебошад:
№ суратҳисоб: 20202972302443101000
РМА: 040008412
Номи суратҳисоб: Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТЕНДЕР)
Номи Бонк: Бонки давлатии амонатии Тоҷикистон “Амонатбонк”
Суроѓаи Бонк: х. Рудаки 105, Душанбе, Тоҷикистон
Суратҳисоби муросилотӣ: 20402972316264
- Ҳуҷҷатҳои озмунӣ тавассути почтаи электронӣ фиристода мешаванд ё аз дафтари кории Гурўҳи идоракунии лоиҳа дастрас мегардад. Харидор барои гум шудан ё дер расонидани он чавобгарӣ намебарад.
- Дархостҳои озмунӣ бояд
- ба суроѓаи зерин пешниҳод карда шаванд:
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон (Госкоминвест)
Суроѓа: к. Шотемур, 27
Ошёна, № ҳуҷра: 1-ум, №10, Шуъбаи ташкили тендерҳои
сармоягузорӣ
Шаҳр: Душанбе, Тоҷикистон
Индекс: 734025
- на дертар аз: 04 июли соли 2023, то соати 15:00 (бо вақти Душанбе)
- якҷоя бо кафолати бонкӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода шудааст.
Дархостҳои озмунӣ фавран пас аз ба охир расидани муҳлати пешниҳоди дархостҳои озмунӣ соати 15:05 дар ҳузури намояндагони иштирокчиёни озмун, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, кушода мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд