ДАР ЛОИҲА СЕМИНАР ОИД БА ТАҲИЯИ МАВОДИ ТАЪЛИМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Рӯзҳои 8-9 июни соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» семинар дар мавзӯи «Баланд бардоштани донишҳо оид ба таҳияи маводи таълимӣ дар асоси ТАС» барои таҳиягарон/фасилитаторони маводи таълимӣ дар асоси ТАС баргузор гардид. Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур кормандони МД «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Дар рафти семинар Ҷоашим Вагнер – мутахассиси байналмилалӣ оид ба рушди малакаҳо ва мутахассисони лоиҳа вобаста ба принсипҳоҳангоми тарҳрезии маводи таълимӣ дар асоси ТАС, асосҳои қабул, мутобиқсозӣ ва таҳияи маводи таълимӣ/омӯзишӣ, қадамҳо барои ҷамъоварӣ, баррасӣ, интихоб ва тағйир додани маводи мавҷудаи таълимӣ ё омӯзишӣ, намунаи элемент/воҳиди омӯзиш, рамзгузории модулҳои омӯзишӣ ва унсурҳои/воҳидҳои омӯзишӣ, таҳлили SWOT: оид ба маводи таълимӣ ва ғайраро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.
Иштирокчиён аз таҷрибаи хеш доир ба таҳияи маводи таълимӣ мисолҳо оварда, фарқият ва бартарияти усули ТАС-ро дар раванди таҳияи маводи таълимӣ гуфта баромаданд. Зимни кори гурӯҳӣ фасилитаторон бо истифода аз воситаи арзёбӣ яке аз маводи таълимии анъанавиро таҳлил ва рӯнамоӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд