ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ
28 июли соли 2023 дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Хуҷанд, ки сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад, Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи сайёр таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Қиёмиддин, менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер ва аъзоёни Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа гузориши муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Қиёмиддин вобаста ба рафти татбиқи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ва менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер оид ба иҷроиши корҳои сохтмонӣ, шартномабандӣ ва азхудкунии маблағҳо пешниҳоди ҳозирин гашт.
Рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кумитаи роҳбарикунанда бо роҳбарии Ҳалимзод Абдураҳмон аз назар гузаронида шуда, ҷиҳати ба таври зарурӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани марказ бо техникаи зарурӣ пешниҳодҳо баён гардид.
Инчунин иҷроиши бандҳои нақшаи кори Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ аз ҷониби муҳтарам Ҳалимзод Абдураҳмон аз аъзоёни кумита пурсида шуда, вобаста ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру супоришҳо дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд