МЕХАНИКИ БАРҚӢ
Рӯз аз рӯз дар диёри зебоманзари мо биноҳои баландошёна қомат афрохта, соҳаи сохтмон бо суръат рушд ёфта истодааст. Бо рушди сохтмон дар ҷумҳурӣ талабот ба коргарони гуногункасби соҳаафзуда истодааст. Айни замон яке аз касбҳои серталаби бозори меҳнати сохтмонӣ ин механикӣ барқӣ оид ба лифт мебошад.
Лифт – механизми мураккаб дошта, дар дохилаш таҷҳизоти барқии гуногун ҷойгиркарда шудааст, ки таъмиру хизматрасонӣ ва инчунин нигоҳ доштан дар ҳолати коршоямиро талаб мекунад. Назорати коршоямии таҷҳизоти лифтӣ уҳдадории асосии механики барқӣ оид ба лифт мебошад.
Механики барқӣ оид ба лифт – мутахассисе мебошад, ки корҳои васл ва таҷзияи таҷҳизоти лифтиро ба анҷом мерасонад. Механики барқӣ оид ба лифт касби коргарӣ буда, аз 2 сатҳ дар Таснифоти миллии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст ва ҳар яки он вазифа ва уҳдадориҳои гуногун доранд.
Ба вазифаҳои механики барқӣ оид ба лифт дохил мешаванд:
· Санҷиш ва танзими таҷҳизоти механикӣ ва барқӣ;
· Муайян ва бартараф кардани носозӣ;
· Коркарди қисмҳо тавассути асбобҳои челонгарӣ;
· Насб ва васли моторҳои барқӣ;
· Гузаронидани хатҳои барқӣ тавассути лӯлаҳо ва бастаҳо дар чоҳи лифт;
· Иваз намудани овезаи мувозинаи кабинаи лифт;
· Пешбурди ҳуҷҷатгузории зарурӣ ва ғайра.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Лоиҳа омӯзиши касби “Механики барқӣ оид ба лифт” дар Маркази рушди малакаҳои шаҳри Душанбе барои шаҳрвандон ба нақша гирифта шудааст. Таҳияи маводи таълимӣ ва омӯзиши касби мазкур дар якҷоягӣ бо мутахассисон/коршиносони соҳа ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд