Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ТАЪМИРГАРИ АСБОБҲОИ РӮЗГОР

   Дар замони муосир ҳар яки мо аз дастовардҳои илму техника – асбобҳои рӯзгор ҳамарӯза истифода мебарем. Пешбурди рӯзгорро бе истифода аз асбобҳои ёрирасон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ташкилотҳое, ки асбобҳои рӯзгор истеҳсол мекунанд, барои ҷалби мизоҷон рӯз аз рӯз таҷҳизоти ҷадидтару фоидаовар бо истифода аз идоракунии фосилавии таҷҳизот тавассути шабакаи интернет то зеҳни сунъӣ пешкаши мизоҷон мекунанд.
Истифодабарии доимии чунин асбобҳо ба вайрон шудани қисмҳои алоҳидаи таҷҳизот ва ҳатто ба корношоямӣ онҳо оварда мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо хизматрасонии таъмиргари асбобҳои рӯзгор зарур аст.
Таъмиргари асбобҳои рӯзгор бо санҷидани муқовимат ё шиддат ва бартараф кардани носозиҳои асбобҳои барқӣ/рӯзгор машғул мебошад. Таъмиргари асбобҳои рӯзгор асбобҳои хурду калони барқӣ, аз қабили чангкашак, мошинҳои ҷомашӯӣ, зарфшӯйӣ, тафдонҳо ва ғайраро таъмир мекунад.
   Таъмиргари асбобҳои рӯзгор назорат мебарад, ки ҳар як санҷиш ва ҳисоботи амал дар китоб қайд карда шавад ва ба мизоҷ оид ба ҳолати хизматрасонии асбобҳои рӯзгор хабар медиҳад.
Таъмиргари асбобҳои рӯзгор бояд, ҳифзи меҳнат ва техники бехатарии барқиро риоя намояд ва ҳангоми таъмир намудани асбобҳои рӯзгор (маишӣ) бехатарии зидди сӯхторро низ риоя менамояд.
Барои аз худ намудани касби мазкур ва дар ин вазифа фаъолият кардан, занҳо ва мардон баробарҳуқуқ мебошанд.
    Бояд қайд кард, ки касби “Таъмиргари асбобҳои рӯзгор” ба касбҳои интихобшудаи Лоиҳа илова карда шуда, дар марказҳои рушди малакаҳо хоҳишмандон ба омӯзиши ин касб ҷалб карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид