КАСБИ “ЧЕЛОНГАР-ТЕХНИКИ САНИТАРИ”
Касби “Челонгар-техники санитарӣ”
Ҳар яки мо ҳадди ақал боре бо мушкилоти дурустии кори қубурҳои обтаъминкунӣ, гармидиҳӣ ва корезӣ новобаста аз намуди бинои истиқоматӣ ё ҷойи кор рӯ ба рӯ шудаем. Барои бартараф намудани чунин мушкилот кори мутахассисони касби “Челонгари-техники санитарӣ саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.
Челонгар – техники санитарӣ (сантехник) шахсе мебошад, ки кори шабакаҳои гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ ва қубурҳои (лӯлаҳои) обу корезиро дар шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишин таъмин месозад, дар сохтмон ба сифати васлгари системаи санитарию техникӣ ва таҷҳизот, ҳамчунин дар идораи истифодабарии манзилӣ ба сифати корманди хизматрасони садамавӣ кор мекунад ва зимни кор қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро риоя менамоянд.
Челонгар – техники санитарӣ (сантехник) як қатор функсия (амалкард) ва вазифаҳоро, ки фаъолияти босифат ва саривақт дар доираи ин касб роҳандозӣ карда шавад, иҷро мекунад. Челонгар – техники санитарӣ (сантехник) ҳангоми фаъолият меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳо, талаботи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро риоя менамояд.
Барои аз худ намудани касби мазкур ва дар ин вазифа фаъолият кардан, занҳо ва мардон баробарҳуқуқ мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд