Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ОМӮЗИШҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БЕҲТАРСОЗИИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БОКОРТАЪМИНШАВӢ”

Ҳадафи Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба васеъ намудани шуғли пурмаҳсул мутобиқ ба талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида аст. Натиҷаи ниҳоии Лоиҳа - беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам беруна мебошад. Бо ин мақсад, Лоиҳа таҳияи маводҳои таълимӣ, ташкил ва баргузории семинару омӯзишҳоро ба нақша гирифтааст. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи гузошташуда, дар доираи татбиқи Лоиҳа Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва Марказҳои рушди малакаҳо бо тамоми ҷиҳоз ва таҷҳизоти зарурӣ сохта шуда, ба истифода дода мешаванд, ки дар беҳтар намудани хизматрасониҳо ба муҳоҷирон, ҷавонон ва занони корҷӯ мусоидат хоҳанд намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт: кишоварзӣ, сайёҳӣ ва энергетика амалӣ гардида, вобаста ба ҳар яки онҳо барои касбҳои интихобшуда, аз он ҷумла: сабзавоткор, коргари коркарди мева ва сабзавот, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, васлгар ва таъмиргари хатҳои ҳавоии интиқоли барқ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, таъмиргари ҳисобкунакҳои барқӣ, хизматгузори меҳмонхона, пешхизмат, маъмури меҳмонхона, маъмури тарабхона, роҳбалад бо донистани забонҳо модулҳои таълимӣ таҳия карда шуда, бо истифода аз он омӯзиши касбҳо дар марказҳои мазкур гузаронида мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид