Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ШАБАКАИ НЕЙРОНӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН

Рушди мунтазами техникаву технологияи муосир барои инсон дар кору фаъолияташ осонии зиёд овардаанд. Барои мисол, кори муштараки шабакаи интернет ва технологияи хонаи доно (умный дом) барои шахсони ҳамеша банд дастёри зарурӣ аст. Бартарияти кори ин ду омилро ҳамагӣ хуб омӯхтаанд.
Каме дар бораи шабакаҳои нейронӣ (нейросеть), ки одамиятро ба ваҷд овардааст, бароятон маълумот медиҳем.
Шабакаи нейронӣ - алгоритмҳо ва барномаҳое мебошанд, ки ба кори майнаи инсон тақлид мекунанд. Онҳо барои коркарди маълумот, шинохти намуна, таҳлили матн ва ғайра истифода бурда мешаванд. Ҳиллаи фаъолияти шабакаи нейронӣ дар он аст, ки алгоритмҳои он мисли нейронҳои майнаи сари инсон ҷойгир шудаанд - яъне онҳо бо ҳам пайвастанд ва метавонанд хабарҳоро ба ҳамдигар интиқол диҳанд. Маҳз аз қувваи ҳамин сигналҳо омӯзиши дархости воридшуда вобаста аст.
Айни замон шабакаҳои нейрониро дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла дар тиб фаъолона истифода бурда истодаанд, ки он ҳам ҷиҳати ташхиси бемориҳои вазнин ба мисли саратон дар марҳилаҳои ибтидоӣ кӯмак мекунанд.
Таърихи ташаккули консепсияи шабакаҳои нейронӣ ҳанӯз дар солҳои 40-50-уми асри гузашта оғоз ёфтааст ва тадқиқот дар ин ҷода солҳое афзун меёфту солҳои баъдӣ ҳатто қатъ гардида буданд.
Дар солҳои 2000 бо пайдоиши протсессорҳои пуриқтидори графикӣ ва зиёд шудани миқдор ва дастрасӣ ба додаҳо боиси таҳияи алгоритмҳои Deep Learning гардид.
Соли 2020 шабакаи нейронии пешрафтатарин модели забонии GPT-3 аз ҷониби OpenAI пешниҳоди ҳамагон гардиданд. Охири моҳи ноябри соли 2022 ChatGPT бароварда шуд ва пас аз 2 моҳ шумораи истифодабарандагони он ба 100 миллион расид.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид