Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

СЕМИНАР ОИД БА

    3 ноябри соли 2023 дар Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинар дар мавзӯи “Тақвияти маълумотнокии корфармоён ҷиҳати баланд бардоштани имкониятҳои бокортаъминшавии кормандон тавассути рушди малакаҳои нарм/ҳаётӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, корфармоён ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ доир гардид.
Менеҷери лоиҳа – Сафаров Д. роҷеъ ба масъалаи мазкур баромад карда, аз он ҷумла қайд карданд, ки малакаҳои нарм дар баланд бардоштани рақобатпазирии кормандон ва рушди худи корхона аҳамияти калон доранд.
   Мутахассисони байналмилаливу маҳаллӣ рӯнамоиҳоро дар бораи ҷорӣ намудани малакаҳои нарм/ ҳаётӣ дар ҷаҳони кор, тавсифи малакаҳои нарм ва категорияҳои асосии онҳо, зарурати малакаҳои нарм/ҳаётӣ барои бокортаъминшавӣ ва фаъолияти корӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва инчунин равишҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи беҳтарини малакаҳои нармро ба иштирокчиён муаррифӣ карданд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки семинар ва мавзӯъҳои дар он муҳокимашуда, ба иштирокчиён писанд омада, ҳар яке зимни кори гурӯҳӣ бартарияти истифодаи малакаҳои нармро дар мисоли корхонаҳояшон таҳлил карда баромаданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид