Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

СЕМИНАРИ НАВБАТӢ

      Рӯзҳои 7-8 ва 9-10 ноябри соли 2023 дар шаҳри Гулистони семинар дар ду гурӯҳ роҷеъ ба “Банақшагирӣ ва идоракунии хизматрасониҳо дар самти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гашт.
    Дар рафти семинар мутахассисони Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои зерин рӯнамоӣ пешкаш карданд: Консепсияи фаъолияти Марказҳои рушди малакаҳо ва хизматрасони ба муҳоҷирон, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти миёнаравон дар бозори меҳнат, банақшагирии муассир дар пешниҳоди хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар замони муосир, омодасозии кадрҳои коргарӣ дар заминаи МХМ ва МРМ мутобиқ ба талаботи воқеии бозори меҳнат, аҳлили талабот оиди хизматрасони ба муҳоҷирон ва таъсири омилҳои он ва ғ.
    Ҳамзамон иштирокчиёни семинар мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ҳолати кунуни бозори меҳнат, муҳоҷират дар шароити доимоивазшаванда ва доир ба рӯнамоиҳо баён карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид