Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ВОБАСТА

    Рӯзҳои 1-2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинар дар мавзӯи “Назария ва амалияи ISCO-08 ва татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯйи касбҳо” бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Қ. барои намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои кории соҳавӣ баргузор гардид.
   Дар семинари мазкур рўнамоиҳо оид ба ҷанбаъҳои назариявӣ ва амалии Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (СБТМ-08/ISCO-08): зарурати ташаккули низоми миллии тахассусҳо, ҳадаф ва мароми Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТМҶТ) дар радифи СБТМ-08, истифодаи рамзҳои СБТМ-08 ва ТМҶТ дар таҳия ва татбиқи мавод дар доираи методологияи Таълим дар асоси салоҳият, зарурати ташаккул ва нақши Номгӯйи касбҳо (НК) дар татбиқи ТМҶТ ва истифодаи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, доир ба ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳавӣ ва инчунин доир ба нақши арзёбии бозори меҳнати Тоҷикистон дар таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ аз ҷониби мутахассисони Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” пешкаши иштирокчиён карда шуд.
   Қайд кардан ба маврид аст, ки иштирокчиён дар қисмати кори гурӯҳӣ масъалаҳои гузошташударо фаъолона муҳокимаронӣ карда, хулосаҳояшонро ба дигарон пешниҳод карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид