ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ СЕМИНАР
![](http://seep.tj/uploads/images/news/yfPoE5Ona6xhbAePvrkstFIT4A695ozuTI0TEpcC.jpeg)
Рӯзҳои 13-14 ноябри соли 2023 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон семинари навбатии “Назария ва амалияи ISCO-08 ва татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯйи касбҳо” барои намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои кории соҳавӣ баргузор гардид.
Барои иштирокчиён дар шаҳри Кӯлоб рӯнамоиҳо доир ба ҷанбаъҳои назариявӣ ва амалии Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008: зарурати ташаккули низоми миллии тахассусҳо, ҳадаф ва мароми Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи СБТМ-08, истифодаи рамзҳои СБТМ-08 ва ТМҶТ дар таҳия ва татбиқи мавод дар доираи методологияи Таълим дар асоси салоҳият, зарурати ташаккул ва нақши Номгӯйи касбҳо дар татбиқи ТМҶТ ва истифодаи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, доир ба ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳавӣ ва инчунин доир ба нақши арзёбии бозори меҳнати Тоҷикистон дар таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ аз ҷониби мутахассисони Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” пешкаш карда шуд.
Ҳозирин дар муҳокимаи мавзӯъҳои пешниҳодшуда фаъолона иштирок намуда, натиҷаи корашонро ба дигарон муаррифӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин семинар дар шаҳри Бохтар низ дар назар аст.
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/TEJUh9jQgLrWywHxxhIiSFGcrHAqx1BuEbAFl9Wi.jpeg)
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/BC4w1aeMyS87YkpCQxOFnGbaUNwaPtUdff4zbLRL.jpeg)
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/5JcHfSx2HnHrkHFdHolo1AR5xsTkELJOSOfT1due.png)
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
![](http://seep.tj/uploads/images/side_items/JNcghAJtS0Exk5El91PU99joW48fpKJNLGpGx92M.png)
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд