ОМӮЗИШҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БЕҲТАРСОЗИИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БОКОРТАЪМИНШАВӢ»
Дар баробари Марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Данғара, инчунин Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва ноҳияи Восеъ низ сохта шуда, дар онҳо омӯзишҳо оид ба муҳоҷират, курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва малакаҳои ибтидоии касбӣ ба муҳоҷирон оид ба дарёфти ҷойҳои кории беҳтар аз рӯи касбҳои кафшергар, пардозгар ва барқчӣ ба роҳ монда мешаванд. Ҳамзамон, марказҳои мазкур омӯзишҳоро ҷиҳати сайқал додани донишҳои молиявӣ ва омӯзиши технологияҳои иттиллоотӣ-коммуникатсионӣ барои осонтар кардани дастрасӣ ба иттилоот оид ба таъминоти иҷтимоӣ пешниҳод хоҳанд намуд.
Барномаҳои таълимӣ ва модулҳо дар заминаи методологияи таълим дар асоси салоҳият, алалхусус дар асоси маводҳои таҳиягардида ва озмоишкардашудаи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» барои курсҳои кӯтоҳмуддат таҳия ва амалӣ карда мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барнома ва маводҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнати маҳаллӣ мутобиқ карда мешаванд, то ки таҷрибаи амалиро дар ҷойи кор таъмин намоянд. Инчунин, дар доираи татбиқи Лоиҳа омӯзишҳои санҷишӣ оид ба малакаҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин, дар доираи нақшаи амалишавии Лоиҳа ташкил ва баргузор намудани як қатор семинару омӯзишҳо барои кормандони вазорат ва муассисаҳои зерсохтори он, таҳиягарони маводҳои таълимӣ, кормандони Марказҳои рушди малакаҳо ва Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар назар дошта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд