Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

114-УМИН СЕССИЯИ

114-УМИН СЕССИЯИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ
Айни замон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария 114-умин сессияи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират баргузор гардида истодааст. Дар кори сессияи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора, мутахассисони вазорат дар самти муҳоҷират ва менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” иштирок карда, маърӯзаҳо вобаста ба вазъи муҳоҷират, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар омилҳои он пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки сессияи мазкур аз 27 то 29 ноябр идома хоҳад ёфт. Ҳамасола дар кори сессия намояндагони давлатҳои узви Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҷамъ шуда, роҷеъ ба Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ҳисобот дода, доир ба муҳоҷират, хатарҳои нав ва дигар мушкилоти ин самт муҳокимаронӣ менамоянд. Дар натиҷа самтҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди муҳоҷират муайян карда, барои солҳои оянда қабул менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид