Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

СЕМИНАР ДОИР БА МУҲОҶИРАТ

Рӯзҳои 11-12 ва 13-14 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе семинар дар ду гурӯҳ роҷеъ ба “Банақшагирӣ ва идоракунии хизматрасониҳо дар самти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” барои кормандони Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон, Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим доир гардид.
Барои иштирокчиёни семинар мутахассисони Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ" рӯнамоиҳо вобаста ба самти муҳоҷират, Консепсияи фаъолияти Марказҳои рушди малакаҳо ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти миёнаравон дар бозори меҳнат, банақшагирии муассир дар пешниҳоди хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар замони муосир, омодасозии кадрҳои коргарӣ дар заминаи МХМ ва МРМ мутобиқ ба талаботи воқеии бозори меҳнат, таҳлили талабот оид ба хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва таъсири омилҳои он пешниҳод намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид