Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ "ТАДҚИҚОТИ МАЛАКАҲО

         МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ “ТАДҚИҚОТИ МАЛАКАҲО ВА ШУҒЛ ДАР БАХШИ САЙЁҲӢ”
   26 декабри соли 2023 дар толори Айнии меҳмонхонаи Хилтон муаррифии натиҷаҳои “Тадқиқоти малакаҳо ва шуғл дар бахши сайёҳӣ”, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” гузаронида шуд, бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Алишер, менеҷери лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” - Сафаров Далер, мутахассисони лоиҳа, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ширкатҳои сайёҳӣ доир гардид.
   Кори чорабиниро Ализода Алишер ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба зарурат ва саривақтӣ будани тадқиқот сухан ронданд. Менеҷери Лоиҳа ба ҳозирин маълумот доир ба мақсаду мароми лоиҳа пешниҳод карданд.
   Натиҷаҳои тадқиқоти мазкурро роҳбари ширкати машваратии “Имкон консалтинг” – Самадова Замира бо таҳлилу диаграммаҳо ба ҳозирин рӯнамоӣ карданд. Зимни баромад Самадова доир ба методология ва марҳилаҳои баргузории он, фокус-гурӯҳҳо, гурӯҳҳои мақсадноки тадқиқот ва кор бо онҳоро ба таври возеҳ ба иштирокчиён пешниҳод карданд. Ҳамзамон дар рафти рӯнамоӣ Самадова доир ба мушкилоте, ки коршиносон зимни баргузории тадқиқот рӯ ба рӯ шуданд, нуқтаи назар намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тадқиқот сифатан хуб омода гардида, натиҷаи он ба вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои сайёҳӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бо назардошти пешниҳоду иловаҳо барои истифода манзур мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид