ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ РОҲБАРИКУНАНДАИ
7 январи соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 5-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳалимзод Абдураҳмон баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳасанзода Гулнора аз рафти татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои боркортаъминшавӣ” ба ҳозирин гузориш карданд. Дар навбати худ менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер роҷеъ ба иҷрои корҳои сохтмонӣ, азхудкунии маблағҳо, харид ва дигар масъалаҳо баромад намуданд.
Аз баромади эшон маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар баъзе иншооти лоиҳавӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, раванди таҳвили ҷиҳозу таҷҳизот ва муҷаҳҳазгардонии марказҳо ҷараён дорад.
Бояд тазаккур дод, ки аъзоёни кумита дар навбати худ хулосаву пешниҳоди мубрамро вобаста ба кори марказҳои сохтаистодашуда, марҳилаҳои ҷалби баҳрагирандагон баён намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт иброз доштанд.
Дар фарҷом супориш дода шуд, ки ҷаласаи навбатии кумита дар яке аз марказҳо ба таври сайёр гузаронида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд