ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ЛОИҲАИ
19 январи соли 2024 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” вохӯрии менеҷери лоиҳа Сафаров Далер бо намояндагони Лоиҳаи “Муколамаҳои амал барои ҷавонони соҳибистеъдод дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гуногунро вобаста ба омӯзиш дар асоси салоҳият, низоми таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон, ҷалби занону ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуданд.
Менеҷер дар бораи ҳадафу мароми Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, сохтмони марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, курсҳои омӯзишӣ, таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар сухан намуда, аз он ҷумла қайд карданд, ки 11 стандартҳои салоҳияти касбҳои коргарӣ бо ҷалби коршиносон аз вазорату идораҳо, ассотсиатсия ва намояндагони ташкилоти гуногун таҳия ва тасдиқ шудаанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда дар тақвияти рушди таҳсилоти касбӣ иброз намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд