ТАШРИФИ ДИРЕКТОРИ ГУРӮҲИ ДАФТАРИ КОРИИ
27 феврали соли 2024 ба дафтари Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” директори гурӯҳи департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоӣ, департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд – София Шакил ва миссияи Бонки Осиёии Рушд дар ҳайати Шин Лонг – роҳбари лоиҳа/сармутахасси бахши иҷтимоӣ дар БОР, Маделин Дизон – таҳлилгари лоиҳа ва Лорин Фелизен - ёвари калон оид ба масъалаҳои оператсионӣ ташриф оварданд.
Зимни ташриф хонум Шакил дар доираи ҷаласаи корӣ бо кормандони ГИЛ шинос шуда, аз рафти татбиқи лоиҳа бохабар шуданд. Менеҷери лоиҳа – Сафаров Далер доир ба фаъолияти лоиҳа ва натиҷаҳои то кунун бадастомада, аз он ҷумла: таҳияи стандартҳои салоҳият, барномаҳои таълимӣ, Номгӯйи касбҳои Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон ва ғайра маърӯза намуданд.
Ҳамчунин хонум Шакил, ҳайати миссия ва мутахассисони ГИЛ аз рафти иҷрои корҳои сохтмонии Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Душанбе дидан карданд.
Дар фарҷом хонум Шакил ва ҳайати миссияи Бонки Осиёии Рушд қаноатмандии хешро аз рафти татбиқи лоиҳа изҳор намуда, дар фаъолияти минбаъдаи он ба ГИЛ таманниёти нек карданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд