Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ КАСБОМӮЗӢ

    11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, он бо мақсади беҳтарсозии малакаҳои касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи методологияи нави таълим ба салоҳият асосёфта,  баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисон дар бозори меҳнат равона гардидаанд.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд. 
Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид