Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ДОИР БА СБТМ-08 ДАР ЛОИҲА

   30 апрели соли 2024 дар Толори тренингии Гурӯҳи идоракунии Лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари ҷамъбастӣ дар мавзӯи “Роҳҳои татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Номгӯйи касбҳои ТМҶТ” бо иштироки намояндагони вазорати идораҳои дахлдор, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои кории соҳавӣ баргузор гардид.
Зимни кори семинар мутахассисони лоиҳа ба ҳозирин доир ба роҳу усулҳои муосиру инноватсионии омӯзиш ва бозомӯзии касбҳои коргарӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат ва ташкили шароити муосиру мусоиди таълимӣ, мақсад ва муҳтавои таҳия, тасдиқ ва татбиқи ТМҶТ ва натиҷаҳои интизорӣ, талаботи низоми миллии тахассусҳо, нақши методологияи ТААС дар омодасозии қувваҳои коргарии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва зарурати истифодаи рамзҳои ТМҶТ, риояи ҷанбаҳои гендерӣ дар таҳия, тасдиқ ва татбиқи ТМҶТ ва ғайра рӯнамоиҳо пешниҳод карданд.
   Мавзуъҳои ба маърази иштирокчиён пешниҳодшуда, мавриди ҳуҷуми фикрӣ қарор гирифта шуданд ва дар қисмати кори гурӯҳӣ мубодилаи фикрҳо гузаронида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид