КОРМАНДОНИ “МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ
Дар лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” семинари омӯзишии 5-рӯза дар мавзӯи «Тақвияти низоми баҳодиҳӣ ва сертификатсия» барои кормадони Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, доир гардид.
Зимни кори семинар мутахассисони лоиҳа ба иштирокчиён доир ба Методологияи навовари ТАС (стандарти салоҳиятҳо, нақша ва барномаҳои модулӣ), заминаҳои ҳуқуқии омӯзиш дар асоси салоҳият, низоми таъмини сифат ва эътирофи тахассусҳо, тадқиқот оид ба масъалаҳои тасдиқи тахассус ва бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, татбиқи «Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Номгӯйи касб ва вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», баҳодиҳӣ дар асоси салоҳият, муқоисаи баҳодиҳии анъанавӣ ва дар асоси салоҳият, баҳодиҳии пешакӣ, миёнадаврӣ ва ҷамъбастӣ ва дигар мавзӯъҳо рӯнамоӣ карданд.
Дар фарҷоми ҳар як рӯзи семинар иштирокчиён тавассути ҳуҷуми фикрӣ мавзуъҳои ба маъраз гузошташударо муҳокимаронӣ мекарданд. Ҳамчунин, иштирокчиён дар кори гурӯҳӣ вобаста ба намудҳои баҳодиҳӣ, принсипҳои он, усулҳои ҷамъоварии далелҳо дастаҷамъона муҳокима карда, натиҷаашро ба дигарон муаррифӣ карданд. Дар интиҳои семинар ба иштирокчиёни фаъол сертификат тақдим карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд