МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Маркази рушди малакаҳои касбӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
“Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара” аз бинои таълимии 4-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна иборат аст. Дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла “Мутахассиси коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.
Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Маркази навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Ҳамзамон, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб иборат аз 57 ҳуҷра таъсис дода шудааст.
Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ карда мешавад. Барои ҳавасманд кардани занон ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд