ТАШРИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ XXVIII ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ МУҲОҶИРАТИ ДАВЛАТҲО-ИШТИРОКЧИЁНИ ИДМ
28 майи соли 2024 дар доираи баргузории ҷаласаи XXVIII Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ бо ҳамроҳии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қ. ва ҳайати меҳмонон - намояндагони ҷумҳуриҳои Белорус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Зимни ташриф меҳмонон аз бинои асосӣ, синфхонаҳои таълимӣ, майдончаи варзишӣ ва шарту шароити хобгоҳ барои баҳрагирандагон шинос шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки маркази навбунёд бо таҷҳизоти замонавӣ, синфхонаҳои назариявӣ бо нармафзорҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он шароитҳои мусоид барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои таълимӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд бо пандус ва лифт муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин, барои дастрасии омӯзиш барои модарон дар дохили бино Маркази нигоҳубини кӯдак вуҷуд дорад. Ин имконият медиҳад, ки занон бе мамоният ба раванди омӯзиш ҷалб карда шаванд. Илова бар ин, барои занону духтарон идрорпулӣ пешбинӣ шудааст. Барои баҳрагирандагони роҳдур хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб, ҳуҷраҳои тиббӣ, либосшӯйӣ, дарзмолкунӣ, ошхона ва ғайра бунёд гардидааст.
Омӯзиш дар марказ ройгон мебошад.
Фаъолияти Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара барои соҳибмалака гардонидани ҷавонону занону корҷӯ ва бад ин васила беҳтар намудани некӯаҳволии онҳо тавассути омӯзонидани касбҳои “Сабзавоткор”, “Коргари коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор”, “Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ равона карда шудааст. Омӯзиш дар марказ дар асоси методологияи навовари Таълим дар асоси салоҳият ба роҳ монда мешавад.
Инчунин дар марказ ба хоҳишмандон малакаҳои нарм аз қабили кор дар гурӯҳ, муошират, бартараф намудани муноқиша ва ғайра низ омӯзонида мешаванд.
Диққати меҳмононро стандартҳои салоҳият ва барномаҳои таълимӣ, ки дар доираи лоиҳа таҳия карда шудаанд, ҷалб кард. Зеро ин методология рақобатпазирии коргаронро дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ баланд мебардорад.
Мавриди зикр аст, ки маркази мазкур рӯзи 24 майи соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд