БАРОИ ПАЙГИРИИ БАҲРАГИРАНДАГОН
4 июни соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии консепсияи “Низоми пайгирии баҳрагирандагон, ташаккули портали бозори меҳнат ва рақамикунонии ISCO-08”-и лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” бо иштироки муовини вазир Давлатзода Қ. баргузор гардид. Дар муаррифӣ ҳамчунин кормандони раёсатҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Пажуҳишгоҳи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои Вазорат иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории муаррифӣ шинос намудани иштироккунандагон бо мазмуну мундариҷаи низом иборат буда, дар навбати дигар гирифтани фиру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои онҳо бобати беҳтару пурра кардани низоми болозикр мебошад. Дар асоси пешниҳодҳои иштирокдорон низом такмил дода мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат
Холмаҳмадзода Солеҳа
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сомонаи расмии
Бонки Осиёии Рушд