Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ»

ДАР МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО

21 июни соли 2024 дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара семинари “Ҷалби занон ба омӯзиши касбу ҳунар дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара” бо иштироки ҷавонону фаъолон аз ташкилоти ҷамъиятӣ аз саросари ҷумҳурӣ доир гардид.
Менеҷери лоиҳа -Сафаров Далер семинарро оғоз намуда, вобаста ба саҳми нақши занону духтарон дар рушди ҷомеа қайд карданд. Дар баромади худ менеҷер аз он ҷумла қайд карданд, ки дар доираи фаъолияти марказ ҷалби занону духтарон ба омӯзиши касбҳои коргарӣ ройгон буда, барои онҳо барномаи пилотии стипендиявӣ низ пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар семинар мутахассисони лоиҳа вобаста ба методологияи навовари ТАС, стандартҳои салоҳият, барнома ва модулҳо омӯзишӣ, ҷанбаҳои гендерии муҳоҷират, раванди татбиқи лоиҳа, фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо ва марказҳои рушди малакаҳо, принсипҳои ҳассояти гендерӣ дар омӯзиш ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории семинар ҷалби занону ҷавонон ба касбу ҳунар дар марказҳои рушди малакаҳо барои соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара, барои соҳаи энергетика дар шаҳри Роғун ва барои соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе равона карда шудааст.
Ҳамчунин ба иштирокчиёни семинар шароити синфхонаҳои таълимӣ, нармафзорҳо, устохонаҳои таълимӣ, шароити хобгоҳ барои буду боши баҳригирандагон, маркази нигоҳӯбини кӯдак ва ғайра нишон дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат

Холмаҳмадзода Солеҳа

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмии

Бонки Осиёии Рушд

Сомонаҳои муфид